Ссылки доступа

"Ҳамлаи троллҳо" ба сомонаи Gazeta.uz баъди нашри мақолае дар бораи муҳлати президентӣ дар Узбекистон


Нашрияи мустақили Gazeta.uz иҷборан ду матлаби охирашро дар бораи ислоҳоти конститутсияи Узбекистон пок кард. Масъулони нашрия гуфтанд, баъди нашри матлабе дар бораи тамдиди муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол дар Узбекистон сомонаи нашрия мавриди "ҳамлаи троллҳо" қарор гирифтааст.

Троллҳо асосан бо як мазмун - "Тамдиди муҳлати президентиро аз 5 ба 7 сол ҷонибдорӣ мекунам", шарҳ менавиштанд.

Нашрияи мазкур пештар матлаби таҳлилии дигареро бо номи "Ислоҳоти конститутсионӣ: маро ба чӣ омода мекунанд?" нашр карда буд, ки онро низ пок кард.

Gazeta.uz-ро ширкати "Афшиа Медиа" соли 2008 таъсис додааст. Ин нашрия бо он маъруф аст, ки масоили иҷтимоиву сиёсиро нисбатан воқеитар инъикос мекунад.

XS
SM
MD
LG