Ссылки доступа

Низомиёни рус шаҳри Херсонро тарк мекунанд


Вазири дифои Русия, Сергей Шойгу фармон додааст, ки низомиёни ин кишвар қисмати рости Днепрро дар Херсон тарк кунанд ва ба соҳили дигар сафарбар шаванд.

Ин тасмим дар пайи пешниҳоди фармондеҳи артиши Русия дар Украина, генерал Сергей Суровикин гирифта шудааст. Гузориши Суровикин ба Шойгу дар бораи вазъи сарбозони рус дар Херсон тариқи телевизиони Русия намоиш дода шуд.

Дар он фармондеҳи артиши Русия дар Украина аз камбуди таъминот ва мушкилоти низомиёни рус дар соҳили рости Днепр хабар дод. “Медонам, ки ин қарори содда нест, вале дар айни замон мо ҷони сарбозон ва қобилияти ҳарбии худро ҳифз мекунем. Дар соҳили рост нигоҳ доштани онҳо бефоида аст ”- афзуд, Сергей Суровикин.

Шойгу ин пешниҳодро қабул кард ва фармон дод, ки низомиён ба соҳили дигари Днепр бурда шаванд. “Барои мо зиндагӣ ва сиҳатии сарбозони рус муҳимтар аст. Мо бояд таҳдид ба ғайринизомиёнро ҳам ба инобат гирем. Ба баровардани артиш шурӯъ кунед ва барои интиқоли бехатари таҷҳизот, аслиҳа ва сарбозон чораҳои заруриро биандешед,"--гуфт, вазири дифои Русия.

Бархе инро ба маънои даст кашидани русҳо аз шаҳри Херсон донистаанд.

Қаблан вакили Шӯрои вилоятии Херсон, Сергей Хлан гуфта буд, ки "русҳо дар Херсон ба ақибнишинӣ шурӯъ карданд ва онҳо дастаҷамъона ин минтақаро тарк мекунанд." Ба таъкиди Хлан, низомиёни рус қабл аз фирор, пулҳоро таркондаву харобкорӣ мекунанд.

Херсон, ки тақрибан 284 ҳазор нафар аҳолӣ дошт, дар рӯзҳои аввали ҳамлаи беасоси Русия ба Украина ишғол шуд. Русия моҳи гузашта иддао кард, ки ин минтақаро ҳам ба қаламрави худ ҳамроҳ кардааст. Нерӯҳои украинӣ дар ҳафтаҳои пеш эълон карданд, ки бахшҳои зиёди онро озод намудаанд.

XS
SM
MD
LG