Ссылки доступа

Се мард ситораи Ҳолливуд Кевин Спейсиро ба озори ҷинсӣ айбдор мекунанд


Се марди бритониёӣ ҳунарманди шинохтаи амрикоӣ Кевин Спейсиро ба озори ҷинсӣ, аз ҷумла таҷовуз айбдор мекунанд.

Спейсии 62-сола дар чаҳор ҳолат ба озори ҷинсӣ ва дар як ҳолат ба амали маҳрамонаи иҷборӣ бо як ҷавон дар охирҳои соли 2000-ум айбдор мешавад.

Додситонии Бритониё моҳи гузашта бо ин айбҳо зидди ҳунарманд парванда боз кардааст ва қарор аст, ӯ рӯзи панҷшанбе ба додгоҳи Вестминстери Лондон ҳозир шавад. Худи Спейсӣ дар суҳбат бо телевизиони "ABC" ҳамаи айбҳоро рад карда, гуфтааст, барои ҳимоят аз худ ба додгоҳ хоҳад рафт.

Кевин Спейсӣ дар даҳҳо филм нақшҳои хотирмон офаридааст. Ӯ ду дафъа ба ҷоизаи "Оскар" сазовор шуд ва сериали "Хонае аз кортҳо", ки дар он Спейсӣ нақши аосиро мебозад, дар Netflix ба намоиш даромад.

Спейсӣ дар гузашта ҳамҷинсгаро буданашро расман эълон карда буд. Ӯ дар саҳифаи твиттераш навишт, ки атрофиёнаш ҳамеша "бисексуал" буданашро медонистанд ва ҳоло ӯ ба мардҳо тарҷеҳ медиҳад.

XS
SM
MD
LG