Ссылки доступа

"Одам"-и Пекин роҳбари Ҳонконг шуд


Рӯзи якшанбеи 8 май Ҷон Лӣ - сардори хадамоти амнияти Ҳонконг роҳбари ин минтақаи автономӣ шуд. Вай ягона номзад ба мақоми роҳбарӣ буд ва бештар аз 99% раъй гирифт.

"Ин нишондиҳандаи он аст, ки мақомот истибдодро нисбати Ҳонконг бештар мекунанд. Акнун сиёсати идории шаҳр амниятӣ мешавад", - чунин шарҳ дод натиҷаҳои раъйдиҳиро ҳомии ҳуқуқ ва вакили пешини Ҳонконг Натан Лоу.

Дар Ҳонконг Ҷон Лӣ парокандасозии эътирозҳои зиддиҳукуматиро роҳбарӣ мекард ва ҷонибдори қонун дар бораи сиёсати амниятии Пекин буд. Ин қонун автономӣ ё мухтор будани Ҳонконгро маҳдуд месозад.

Ҷон Лӣ бештар аз 30 сол роҳбари пулис буд. Соли 2019 дар мақоми вазири амнияти Ҳонконг вай ба таври фаъолона қонуни истирдодро таблиғ мекард. Ин қонун иҷоза медод, ки боздоштшудаҳои ҳонконгӣ ба Чин истирдод шаванд. Сокинони маҳаллӣ ба ин хулоса расида буданд, ки бо истирдод кардани ҳонконгиҳо Пекин ба мухторияти Ҳонконг даст дароз мекунад. Дар шаҳр эътирозҳои оммавӣ шуруъ шуданд, ки барои хомӯш кардани онҳо Ҷон Лӣ роҳбар таъйин шуда буд. Пулис аз калтакҳои резинӣ ва гази ашковар истифода бурд. Дар натиҷаи эътирозҳо бештар аз 10 ҳазор кас боздошт шуд, ки 40 дарсадашон донишҷӯ ва мактабхон буданд. Сарфи назар аз рафтори пулис, Ҷон Лӣ "афсарони шуҷоъ"-и худро тамҷид мекард ва эътирозгаронро "тундгаро" меномид

Моҳи июни соли 2020 Пекин нисбати Ҳонконг қонун дар бораи амнияти миллиро ҷорӣ кард, ки иҷрои он бар дӯши Ҷон Лӣ гузошта шуд. Қонун, ки ҷудоиталабӣ, терроризм ва тавтиа бо неруҳои хориҷиро манъ мекунад, аз сӯи мақомот барои таъқиби сиёсатмадорони мухолиф, фаъолон ва рӯзноманигорон истифода мешавад. Бисёре аз сиёсатмадорону фаъолон ва рӯзноманигорон маҷбур шуданд, Ҳонконгро тарк кунанд.

Ҳонконг - як ноҳияи махсуси Чин ва маркази молӣ аст. Дар ин ҷазира 7,5 миллион одам зиндагӣ мекунад. Соли 1997 Бритониё ҷазираро ба ихтиёри Чин супурд ва шарт гузошт, ки Ҳонконг то соли 2047 мухтор хоҳад буд.

Акнун Чин мехоҳад, мухторияти Ҳонконгро бекор кунад.

XS
SM
MD
LG