Ссылки доступа

Вазорат мегӯяд, дар идомаи "амалиёт" дар Рӯшон панҷ каси дигар кушта шудаанд


Дар идомаи "амалиёт"-и мақомот дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ рӯзи 31-уми май панҷ сокини маҳаллӣ кушта ва як нафар дастгир шудаанд.

Дар идомаи "амалиёт"-и мақомот дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ рӯзи 31-уми май панҷ сокини маҳаллӣ кушта ва як нафар дастгир шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ дар баёнияе ин афродро узви "гуруҳҳои ҷиноӣ ва террористӣ" номид, дар ҳоле ки қаблан наздиконашон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ онҳоро "осоишта ва шахсони бесилоҳ" гуфта буданд. Чӣ гуна ва дар чӣ шароит кушта шудани панҷ нафар маълум нест.

Ба иттилои ВКД,

  • Ёдгор Ғуломҳайдарови 48-сола;
  • Алишер Почоеви 46-сола;
  • Ҳабиб Мавлододови 35-сола;
  • Ҷангибек Шехбурови 30-сола;
  • Дохунда Палаеви 53-сола

дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон, ба истилоҳи мақомот, "безарар гардонда шуданд". Ба сабаби набудани тамоси телефонӣ ва интернетӣ бо ноҳияи Рӯшон дарёфти иттилоъ аз манобеи мустақил мушкил аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин афрод аз 18-уми майи имсол ҷустуҷӯ мешуданд ва гуё "ҳангоми муқовимати мусаллаҳона кушта шуданд." Мақомот рӯзи 30-юми май номи онҳоро дар миёни 10 шахси таҳти ҷустуҷӯ нашр карда буданд.

Ёдгор Ғуломҳайдаров, фармондеҳи пешини яке аз қисмҳои Мирзо Зиёев, дар ҳодисаҳои Рӯшон гумонбари асосӣ номида мешуд.

Қулмаҳмад Паллаеви 48-сола аз деҳаи Вамар, ки низ ба гуфтаи мақомот, таҳти ҷустуҷӯ буд, дастгир шудааст. Сарнавишти чаҳор нафари дигар, ки номашон дар рӯйхати мақомот буд, маълум нест.

Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, дар ҷойи "амалиёт", ки дар фосилаи як километр аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон воқеъ аст, "1 силоҳи мерганӣ бо 200 дона тир, 1 Калашников бо 150 дона тир, 1 гранатомёти зиддитанкӣ бо 3 гулӯла, 4 Калашников бо 5 тирдон ва 135 дона тир, 5 норинҷаки дастӣ ва 2 таппончаи Макаров бо 50 дона тир дарёфт ва мусодира карда шуданд". Тасдиқи хабар аз манобеи дигар ғайриимкон аст.

Аз 16-уми майи имсол ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст.

Аввал сокинон дар Хоруғ истеъфои ду мансабдори маҳаллӣ, таҳқиқи одилонаи куштори Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа ва озодии боздоштшудаҳоро тақозо карданд. Вақте мақомот гуфтанд, ин масъалаҳоро баррасӣ намекунанд, норозиён ба кӯчаҳо баромаданд. Дар ҷараёни даргирии эътирозгарон ва нерӯҳои давлатӣ як кас кушта ва се нафар захмӣ шуданд.

Рӯзи 17-уми май норозиён дар ноҳияи Рӯшон ҷамъ омада, монеи ҳаракати низомиён аз Душанбе ба самти Хоруғ шуданд.

Рӯзи 18-уми май мақомот амалиёти ба гуфтаашон "зиддитеррористӣ" баргузор карданд ва расман дар бораи кушта шудани 9 нафар, аз ҷумла як сарбоз ва захмӣ шудани 24 кас, аз ҷумла 13 сарбоз хабар доданд. Сокинон дар бораи гирифтани 21 ҷасад ва баъзе манобеъ 25 ҷасад хабар доданд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

Чандин созмони ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ дар пайванд ба ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон ибрози нигарониву ҳамдардӣ карда, аз ҷонибҳо хостанд, оштӣ кунанд ва аз мақомот талаб намуданд, ки аз истифодаи зиёди нерӯву силоҳ худдорӣ варзанд.

Аз ҷумла, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch ҳафтаи гузашта гуфт, мақомоти Тоҷикистон бояд истифодаи силоҳро аз сӯи пулис дар нооромиҳои моҳи май дар Бадахшон мӯшикофона таҳқиқ кунанд, ки сабаби кушта ва захмӣ шудани эътирозгарон гаштааст.

Мақомот ба ин изҳорот ва ҳам талабҳои аз ин пеши ҳомиёни ҳуқуқу кишварҳои ғарбиву аврупоӣ посухе надоданд.

XS
SM
MD
LG