Ссылки доступа

42 кишвар аз Русия хостанд, неруҳояшро аз неругоҳи Запороже барорад


Беш аз 40 кишвари дунё аз Русия даъват карданд, ки нерӯҳояшро аз нерӯгоҳи атомии Запорожеи Украина берун кунад.

Ин муроҷиатнома 14 август аз номи 42 кишвар, аз ҷумла аъзои Иттиҳоди Аврупо (ИА), Австралия, Бритониё, Гурҷистон, Исландия, Канада, Лихтенштейн, Молдова, Зеландияи Нав, Норвегия, Македонияи Шимолӣ, ИМА, Черногория, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон дар сомонаи расмии ИА нашр шудааст.

Дар он аз Русия даъват шуда, ки нерӯҳои мусаллаҳ ва тамоми кормандони худро аз неругоҳу қаламрави Украина берун барад.

"Ҷойгиршавии низомиён ва аслиҳаи Русия дар як таъсисоти ҳастаӣ ғайри қобили қабул аст ва усули амният, ҳифз ва кафолатҳоеро, ки ҳамаи аъзои Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ ӯҳдадор шудаанд, поймол мекунад", - омадааст дар муроҷиатномаи мазкур.

Русия бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Аврупоро аввалҳои моҳи марти имсол ишғол кард. Аммо кормандони украинӣ фаъолияти худро дар он идома медиҳанд. Давоми ҳафтаҳои ахир чанд мушак ба самти неругоҳ партоб шуд ва Киеву Москва дар он якдигарро айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG