Бахши гурҷистонии Радиои Озодӣ иттилоъ дода, ки ҳайати ҳукумати нав бо ҷонибдории 84 вакили порлумон ва 10 раъйи мухолиф тасдиқ шудааст.
Аъзои ҳукумати Гурҷистон тақрибан тағйир наёфтааст ва ягона нафари нав дар он вазири дифои ин кишвар Ираклӣ Чикованӣ аст.
Бар асоси Конститутсияи Гурҷистон, президент Саломе Зурабишвилӣ давоми ду рӯзи оянда бояд Кобахидзеро ба ҳайси сарвазир таъйин кунад.
Ираклӣ Кобахидзеи 45-сола ҳафтумин намояндаи ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" шуд, ки сарвазири он кишвар интихоб мешавад. Ираклӣ Гарибашвилӣ, ки аз моҳи декабри соли 2021 сарвазири Гурҷистон буд, 29 январ аз мақомаш истеъфо дод.