Ссылки доступа

Раҳбари "Давлати исломӣ" нав шудааст


Гуруҳи "Давлати исломӣ" ё худ ДИИШ, ки дар бештари кишварҳо созмони террористӣ эълом шудааст, рӯзи чоршанбе аз ҳалокати раҳбари худ Абуҳасан ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ хабар дод.

Хабаргузории Reuters бо истинод ба саҳифаи марбути ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ додааст, ки раҳбари ин созмони террористӣ дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона ҷон бохтааст.

Дар бораи дар куҷо ва кай рух додани ин ҳодиса чизе гуфта нашудааст. Нафаре бо номи Абуҳусайн ал-Ҳусайнӣ ал-Қурайшӣ раҳбари нави гурӯҳ таъин гаштааст. Гуфта нашудааст, ки Абуҳусайн хеши Абуҳасан аст, ё не. Ин аллакай севумин раҳбари ДИИШ бо насаби ал-Қурайшӣ аст ва ал-Қурайшӣ зоҳиран тахаллус аст.

Абуҳасан ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ севумин раҳбари ДИИШ аст, ки кушта мешавад. Раҳбари нахустин Абубакр Бағдодӣ ва раҳбари дувум Абуиброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ дар натиҷаи амалиёти неруҳои амрикоӣ кушта шудаанд. Дар бораи кушта шудани Абуиброҳим президенти ИМА Ҷо Байден 3 феврали имсол хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG