Ссылки доступа

Илон Маск ба Доналд Трамп иҷозаи истифодаи Twitter-ро дод


Дональд Трамп
Дональд Трамп

Илон Маск, молики нави корпоратсияи Twitter, тасмими масдуд кардани аккаунти президенти пешини ИМА Доналд Трампро лағв кард.

Маск қаблан дар Твиттер дар бораи барқарор кардани аккаунти Трамп назарпурсӣ гузаронид. Зиёда аз 50 дарсади посухдиҳандаҳо ба ҷонибдории барқарор кардани саҳифаи раисҷумҳури собиқ райъ додаанд. Дар овоздиҳӣ 15 миллион корбар ширкат намудааст.

“Vox Populi, Vox Dei” (райъи мардум райъи Худованд аст),- навиштааст Маск.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Трамп дар посух гуфтааст, ба Твиттер барнамегардад ва аз шабакаи иҷтимоии Truth Social истифода хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки баъди дубора дастрас шудани саҳифа беш аз нуҳ миллион корбар ба саҳфаи президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳида дар Твиттер обуна шудаанд.

Саҳифаҳои Доналд Трамп дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва Twitter моҳи январи соли 2021 масдуд шуданд. Он замон ҷонибдорони Трамп, ки бо натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА розӣ набуданд, ба бинои Капитолий дар Вашингтон ҳамла карданд. Дар натиҷа чанд нафар ба ҳалокат расид.

Раҳбарияти шабакаҳои иҷтимоӣ иддао карданд, Трамп дар аккаунтҳои худ ҷонибдоронашро ба ошӯб ташвиқ кардааст.
Илон Маск Twitter-ро дар охири моҳи октябр ба маблағи 44 миллиард доллар харидорӣ кард.

XS
SM
MD
LG