Ссылки доступа

Рӯҳонии узбекро барои даъват ба "шукргузорӣ" дар бебарқӣ танқид карданд


Раҳматулло Сайфиддинов
Раҳматулло Сайфиддинов

Узбекистонро дар нимаи аввали моҳи декабр бӯҳрони энергетикӣ фаро гирифт. Нуқтаҳои фурӯриши сӯзишворӣ дар ин кишвар соатҳо аз кор монданд ​​ва дар назди онҳо навбатпоиҳои тӯлонӣ мушоҳида мешуд.

Сархатиби шаҳри Тошканд Раҳматулло Сайфиддинов дар авҷи ин буҳрон мардумро ба шукрона ва сабр даъват кард. Ӯ бо зикри ин ки "бобоёни мо бе барқу газ зиндагӣ мекарданд" аз сокини Узбекистон хост, то "кишварро дар пеши назари ҷаҳониён беобрӯй накунанд". "Тарсу воҳима ва бетартибию эътирозҳо мушкилотро ҳал намекунад", - изҳор дошт руҳонӣ.

Ин даъвати Раҳматулло Сайфиддинов баҳсҳои тундеро дар миёни фаъолони ҷамъиятӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон ба бор овард.

"Боз ба шукргузорӣ, сабр ва маъракаи гумроҳгардонии мардум даъват доранд, то ҳама мувофиқи намунаҳои онҳо бошанд. Ин бояд фавран қатъ карда шавад. Барои пешгирӣ аз ин, шумо бояд норозигии худро баён кунед", - навиштааст рӯзноманигори узбек Умед Сориев дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, имоми узбек "мардуми одиро ба ғуломӣ ва таслим шудан ташвиқ мекунад".

Канали “Platforma.uz” дар Телеграм навиштааст, ки имрӯз “сиёсатмадорон ба мулло ва рӯҳониён ба геополитик табдил меёбанд”.

XS
SM
MD
LG