Ссылки доступа

Эрон гуфт, мушаки гиперсадоӣ сохтааст


Фармондеҳи неруҳои ҳавоии Эрон Амир Алӣ Ҳоҷизода гуфт, ки кишвараш мушаки болдори гиперсадоӣ сохтааст.

Хабаргузории эронии "Tasnim" аз қавли Ҳоҷизода навиштааст, ки ин мушак метавонад ба муҳофизати низомҳои муосири зиддиҳавоиро рахна кунад.

Аммо Хабаргузории Reuters навиштааст, ки Эрон то ҳол дар бораи озмоиши чунин мушак хабар надодааст. Ба гуфтаи таҳлилгарони низомии ғарбӣ, Теҳрон "баъзан имкони таслиҳотии худро аз ҳад зиёд нишон медиҳад".

Мушакҳои гиперсадоӣ дасти кам панҷ баробар тезтар аз суръати садо парвоз мекунанд. То ҷое маълум аст, Русия, Чин, ИМА ва эҳтимол Куриёи Шимолӣ чунин мушакҳоро озмоиш кардаанд. Фаронса, Австралия ва Бритониё низ гуфта буданд, ки мехоҳанд чунин мушак бисозанд.

XS
SM
MD
LG