Ссылки доступа

Заминларзаи қавӣ 255 нафарро дар Афғонистон куштааст


Заминларзаи бештар аз 6 дараҷаӣ дар вилояти Пактикои Афғонистон сабаби марги на камтар аз 255 нафар шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Бохтар” рӯзи 22-уми июн хабар дод.

Мақомоти вазорати умури дохилии Толибон дар суҳбат бо хабаргузории “Ройтерс” бо тасдиқи ин хабар гуфтаанд, ки садҳо нафари дигар дар натиҷаи ин фалокат захм бардоштаанд. Як мақоми дигари вилояти Пактико ба Би Би Си гуфтааст, ки дар заминларза камаш 250 нафар ҷон додаанд. Аз талафот дар вилояти шарқии Нангарҳор ва Хӯст ҳам гузориш мерасад.

Ба гуфтаи “Бохтар” маъмурони наҷот барои кумак бо чархбол ба маҳалли ҳодиса шитофтаанд. Фалокат дар замоне рух медиҳад, ки Афғонистони таҳти ҳукумати Толибон ҳамчунон дар инзивои байналмилалӣ аст. Толибон баъди тарки неруҳои Амрико ва ҳампаймонҳояш аз Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дигарбора ба қудрат баргаштанд. Идораи Зилзиласанҷии Амрико гуфт, ки заминларза бо неруи 6.1 дараҷа субҳи 22-уми июн бахшҳое аз Афғонистону Покистонро такон додааст.

Марказҳои зилзиласанҷии Аврупо ва Олмон неруи заминларзаро 6 дараҷа гуфтаанд. Бино ба гузориши Идораи Зилзиласанҷии Амрико маркази заминларза дар 46 километрии шаҳри Хӯст дар ҷанубушарқи Афғонистон ва дар умқи 51 километр будааст. Заминларзаро дар Покистону Афғонистону Ҳинд ва аз ҷумла Тоҷикистон ва бештар аз 119 миллион нафар эҳсос кардаанд.

XS
SM
MD
LG