Ба далели корҳои таъмирӣ, ҳайати театр мавсими навро дар театри академии вилояти Ӯш ба роҳ мондааст.
Таъмири театри ба номи Бобур бо 5 млн доллари кӯмаки Узбекистон идома дорад.
Корҳои таъмирӣ дар театри ба номи Бобур 13 сентябри соли 2021 оғоз шуд.
Сохтмончиён мегӯянд, 80 дарсади корҳо анҷом шудаанд ва эҳтимол дорад, тетар то моҳи марти соли 2023 ба истифода супорида шавад.
Театри академии узбекӣ бо номи Бобур соли 1914 таъсис шудааст.