Ссылки доступа

Қодиров барои довталабони ҷанг зидди Украина 300 ҳазор рубл ваъда дод


Раисҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров

Раисҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров ба онҳое, ки довталабона ба ҷанг зидди Украина мераванд, пардохти якдафъаина дар ҳаҷми 300 ҳазор рубли русӣ ваъда додааст.

Ба иттилои нашрияи "Агентство", довталабон бояд "солим", то 50-сола бошанд ва таҷрибаи ҳарбӣ доштани онҳо шарт нест.

Нашрия навиштааст, ки довталабонро тавассути маркази ҷамъоварӣ дар шаҳри Грозний ба Украина интиқол хоҳанд дод. Аммо ҳеч гуна қарордоде бо онҳо баста нахоҳад шуд.

"Агентство" мегӯяд, дар паёмакрасони Телеграм чандин видео нашр шудааст, ки лаҳзаи тамрини довталабони ҷанг аз ҷониби Русия зидди Украинаро нишон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG