Ссылки доступа

Теннисбози рус Даря Касаткина ҳамҷинсгаро буданашро эътироф кард


Теннисбози рус Даря Касаткина дар суҳбат бо блогери варзишӣ Вите Кравченко ҳамҷинсгаро будани худро ошкор кардааст.

"Ман каме асабонӣ ҳастам. То ҳол ин қадар ошкоро набуд ва ҳамчунин рӯбарӯи дурбин ҳам нагуфтаам", - изҳор доштааст варзишгар дар посух ба суоли блогер, ки дар ин бора чи ҳиссиёте дорад.

Даря Касаткина ҳамчунин дар посух ба суоли блогер, ки оё дустдухтар дорад, ҷавоби мусбат медиҳад.

Вай дар мавриди он ки ҳамҷинсгароӣ дар Русия як мавзуи мамнуъ аст, изҳор медорад, ки "дар кишвари мо мавзуъҳои мамнуъ хеле зиёданд. Мавзуъҳои муҳимтаре низ ҳастанд, ки манъ мебошанд. Бинобар ин, ҳеч чиз ҳайратовар нест".

Даря Касаткина 25 сол дошта, дар раддабандии Иттиҳодияи тенниси занон (WTA) дар зинаи 12-ум қарор дорад. Ӯ дар байни теннисбозони рус соҳиби холи бештар буда, дар ҳоли ҳозир дар Барселона зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG