Ин даъватро Мухтор Тлеубердӣ, вазири умури хориҷи Қазоқистон дар матлабе карда, ки пеш аз мулоқоти раҳбарони кишварҳои иштирокдори Созишномаи манъи силоҳи ҳастаӣ дар Вена нашр шуд.
"Даргириҳои мусаллаҳона дар Украина ва таҳдидҳои дуҷониба барои истифодаи силоҳи ҳастаӣ моро водор мекунад, ки беш аз пеш дар бораи зарурати фаврии аз байн бурдани ин силоҳҳои марговар биандешем", - навиштааст Тлеубердӣ.
Қазоқистион баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ чанд муддат ҳамчун кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ боқӣ монд, вале баъдан ба монанди Украина ба таври ихтиёрӣ аз он даст кашид.