Ссылки доступа

Сӯиқасд ба ҷони муовини президенти Аргентина Кристина Киршнер


Раисҷумҳури пешин ва муовини президенти Аргентина Кристина Киршнер аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурдааст.

Хабаргузории "Reuters" иттилоъ дод, ки ҳамлагар боздошт шуда, аммо ангезаҳои ҳамла дар ҳоли ҳозир маълум нест.

Сӯиқасд ба ҷони Киршнер шоми 1 сентябр дар назди манзили зисташ дар минтақаи Буэнос-Айрес замоне сурат гирифт, ки ӯ бо тарафдоронаш сӯҳбат мекард. Ба гузориши "Todo Noticias, марди мусаллаҳ аз байни издиҳом таппончаро ба самти Киршнер гардонда, кушиш кард, паронад, аммо силоҳ оташ накушодааст.

Президенти Аргентина Алберто Фернандес ҳодисаро сӯиқасд номид. "Reuters" аз сӯханони президент навишта, ки тапонча дар тирдон 5 гулула доштааст.

Аз ҳамлагар шаҳрванди 35-солаи Бразилия ном бурда мешавад.

Киршнер солҳои 2007 - 2015 президенти Аргентина буд. Вайро ба ташкили нақшаи коррупсионӣ ҳангоми иҷрои тарҳои зербиноӣ дар солҳои раҳбарияш айбдор мекунанд. Додситон барои ӯ 12 соли зиндон, ҷарима дар ҳаҷми 1 млрд доллар ва як умр маҳрум шудан аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ талаб кардааст.

XS
SM
MD
LG