Тавсияҳои СММ дар ҳоле нашр мешаванд, ки ҳайати Туркманистон рӯзи 2 феврал дар ҷаласае дар Женева гузориш дода буд. Меҳрӣ Бяшимова, муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар он ҷаласа гуфт, дар Туркманистон барои занон пӯшидани либоси ягона ҳатмӣ нест.
Коршиносони кумитаи мазкури СММ гуфтаанд, дар Туркманистон оид ба хушунати ҷинсӣ қонуне мавҷуд нест. Онҳо аз мақомоти Туркманистон даъват карданд, қонуне қабул созанд, ки ҳамаи навъҳои хушунат нисбати занон, аз ҷумла хушунати хонаводагиро ҷиноят эътироф кунад.
Коршиносон ҳамчунин ба Туркманистон тавсия додаанд, ҳама навъи хушунати ҷинсиро аз байн баранд ва дастрасии ройгони кумаки ҳуқуқӣ ва тиббиро барои қурбониёни хушунат таъмин кунанд.
Ба Туркманистон солҳои гузашта низ барои маҳви табъйиз нисбати занон ва инчунин ёфтани роҳҳои ҳалли ин масъала тавсия дода буданд.