Ссылки доступа

Сенати ИМА ҷудо кардани $40 млрд кӯмаки иловагиро ба Украина тасдиқ кард


Сенати ИМА тарҳи қонун дар бораи ҷудо кардани кӯмаки иловагӣ ба Украинаро дар ҳаҷми 40 млрд доллар тасдиқ кард.

Ин маблағ ба кӯмаки низомӣ ва аслиҳа - барои Украина ва ҳамсояҳояш равона мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Сенат рӯзи 13 май натавониста буд, қонуни мазкурро кабул кунад. Сенатори ҷумҳурихоҳ Рэнд Пол зидди қонун раъй дода буд. Вай талаб кард, ки дар қонун банде дар бораи назорати харҷҳо илова карда шавад.

Тарҳи қонуни мазкур аз сӯи палатаи поёнии порлумони ИМА рӯзи 10 май қабул шуда буд. Президенти ИМА Ҷо Байден аз Конгресс дархост карда буд, ки барои Украина 33 млрд доллар ҷудо кунад, аммо конгрессменҳо ҳаҷми кӯмакро бештар карданд.

Ҳамакнун тарҳи қонун барои имзо ба Ҷо Байден ирсол мешавад.

XS
SM
MD
LG