Ссылки доступа

Қирғизистон ба намоиши филмҳои русӣ дар бораи Донбасс иҷозат надод


Мақомоти Қирғизистон намоиши филмҳои русӣ дар бораи ҷанг дар Донбасс ва нимҷазираи Қримро дар доираи ҷашнвораи "Замони воқеият" дар он кишвар манъ карданд.

Азамат Жаманқулов, вазири фарҳанги Қирғизистон гуфт, муассисаи давлатии "Кыргызтасмасы" иҷозатномаеро, ки қаблан барои намоиши филмҳои мазкур дар ин кишвар дода шуда буд, бозхонд мекунад.

Ба гуфтаи вазири қирғиз, ин тасмим "дар робита ба вазъи ҷорӣ дар ҷаҳон ва мавқеи бетарафонаи Бишкек гирифта" шудааст.

Расонаҳои Қирғизистон пештар хабар доданд, ки аз 15 то 17 апрел дар шаҳрҳои Бишкек, Қара-Балта ва Қаракӯли он кишвар фестивали синамои "Замони воқеият" баргузор ва дар доираи он дар бораи ҳаводиси Донбасс, шарқи Украина филм нишон дода мешавад. Вазири фарҳанги Қирғизистон низ 21 апрел ин хабарро тасдиқ карда буд.

XS
SM
MD
LG