Ссылки доступа

Қирғизистон аз мизбонии размоиши низомии СПАД даст кашид


Вазорати дифои Қирғизистон гуфт, размоиши низомии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки мебоист таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир - 2022" аз 10 то 14 октябр дар он кишвар баргузор шавад, бекор карда шуд.

Манбаъ далели бекор шудани баргузории размоиши низомиро нагуфтааст.

Яке аз сабабҳои баргузор нашудани размоиш метавонад низои ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон бошад, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо кас кушта шуд.

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон баъди ин ҳодиса талаб карданд, ки артиши Тоҷикистон ба тамринҳои муштарак роҳ дода нашавад.

Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД аллакай дар Қазоқистон силсила тамринҳои худро бо номи "Муомила-2022" ва "Ҷустуҷӯ-2022" анҷом доданд. Он замон гуфта шуд, ки сарбозон, аз ҷумла низомиёни Русия ва Белорус ба Қирғизистон мераванд, аммо ҳоло гуфта мешавад, ки онҳо ба ватани худ бармегарданд.

XS
SM
MD
LG