Ссылки доступа

Раҳбарони Фаронса, Олмон ва Итолиё вориди Киев шуданд


Раҳбарони Олмон, Итолиё ва Фаронса аз замони оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали имсол бори нахуст ба Киев рафтанд.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва сарвазири Итолиё Марио Драгӣ субҳи панҷшанбе вориди шаҳри Киев шуданд. Онҳо ба далели ҷанг тавассути қатора рафтанд.

Қаблан дар бораи сафари раҳбарони ин се кишвар ба Украина расман хабар дода нашуда буд. Санаи сафар ҳам зоҳиран ба нишасти Комиссияи Аврупо рост омада, ки қарор аст, фардо дар он масъалаи додани мақоми номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупо ба Украина баррасӣ шавад.

Макрон дар Киев гуфт, ҳадафи сафари онҳо нишондодани ҳамраъйии Аврупо бо Украина мебошад.

XS
SM
MD
LG