Ссылки доступа

МАГАТЭ дар бораи маъмурияташ ба неругоҳи атомии Запороже гузориш дод


Инспекторы МАГАТЭ на Запорожской АЭС

Оҷонси байналхалқӣ дар умури энержии атомӣ (МАГАТЭ) дар бораи вазъи неругоҳи атомии Запорожеи Украина гузориш дод, ки аз сӯи артиши Русия ғасб шудааст.

Дар натиҷаи тафтиш, ки ҳафтаи гузашта сурат гирифт, нозирони оҷонс чанд нуқс - аз ҷумла дар партовгоҳ ва моеъи тозаи ҳастаӣ - пайдо карданд.

Ба илова, бино ба гузориши МАГАТЭ, зарфи дорои равған барои турбинҳо; маҷмаи наздики биное, ки реакторҳо ҷойгир ҳастанд; бинои омӯзиш; биное, ки низоми садамавӣ барои ҳифзи физикии пойгоҳ ҷойгир аст; инчунин контейнере, ки дар он низоми мониторинги сатҳи радиатсия ҷойгир аст, зиён дидаанд.

Коршиносон ҳамчунин муайян кардаанд, ки дар ҳудуди неругоҳи ҳастаии Запороже техникаи низомии Русия ҷойгир аст. Коршиносон шоҳиди тирборони ҳудуди неругоҳ шудаанд.

Дар гузориши оҷонс омадааст, ки атрофи неругоҳ бояд "минтақаи амн" муқаррар шавад. МАГАТЭ ба қатъи фаврии тирборони неругоҳи атомӣ даъват дорад, зеро тирборон метавонад, ба "рӯйдоди ҳастаӣ" расонад.

Неругоҳи Запороже ҳар чанд аз гоҳе тирборон мешавад, ки Украинаву Русия дар ин ҳолатҳо якдигарро мутаҳҳам мекунанд. Украина талаб дорад, ки низомиҳо аз ҳудуди неругоҳ бароварда шаванд. Русия комилан зидди ин талаб аст, ба бовари вазорати корҳои хориҷии Русия, берун бурдани низомиён неругоҳро таҳти хатар қарор медиҳад.

Нозирон МАГАТЭ рӯзи 1 сентябр вориди неругоҳи атомӣ шуданд ва тақрибан чаҳор соат онро назорат карданд. Шаш тан аз маъмурони оҷонс дар неругоҳ то охири ҳафта ва ду тани дигар мудовим дар неругоҳ хоҳанд монд.

XS
SM
MD
LG