Ссылки доступа

McDonald's дар Қазоқистон ба далели қатъи маҳсулот аз Русия баста шуд


Закрытый McDonald's в Алматы, 28 ноября 2022 года
Закрытый McDonald's в Алматы, 28 ноября 2022 года

Тарабхонаҳои McDonald's дар Қазоқистон муваққатан баста шуданд. Яке аз далелҳои баста шудани ин тарабхонаҳо қатъи воридоти маҳсулот аз ҷониби ширкатҳои русӣ унвон шудааст.

Дар шаш соли охир McDonald's дар Қазоқистон ба бузургтарин бозигари бозори ғизои тезтаёр табдил шуда буд. Ин ширкат бархе аз маҳсулот, аз ҷумла гӯшти гову мурғро аз хориҷ мехарид. Ширкати русиягии "Мираторг" ба McDonald's дар Қазоқистон гӯшт ворид мекард.

Соҳиби иҷозатномаи McDonald's Food Solutions, тоҷири қазоқистонӣ Кайрат Боронбоев баъди шуруъи ҳамлаи Русия ба Украина дар ҷустуҷӯи воридкунандагони дигар буд. Ин тоҷир аз хариди маҳсулоти русӣ парҳез кард, хабар додаанд наздикони тоҷир ба расонаҳо.

Боронбоевро бо айби исрофкорӣ боздошт кардаанд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, қатъи фаъолияти McDonald's ба парвандаи ҷиноии тоҷир рабте надорад.

XS
SM
MD
LG