Ссылки доступа

ОБЭ: истихроҷи нафт дар Русия ибтидои соли оянда 20% кам мешавад


Истихроҷи нафти Русия, баъди манъ шудани воридоти он ба Аврупо дар ибтидои соли оянд, 20% кам мешавад. Ҳоло Русия назар ба замони пеш аз ҳамла ба Украина, рӯзона 3% камтар нафт истихроҷ мекунад.

Дар ин бора нашрияҳои байналхалқӣ бо такя ба Оҷонси байналхалқии энержӣ (ОБЭ) иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои ОБЭ, дар моҳи июл Русия ҳамарӯза наздики 10,8 миллион бушка нафт истихроҷ кардааст. Ин 0,31 миллион камтар аз замони пеш аз ҳамлааш ба Украина аст.

Бо ин вуҷуд, ба далели таҳримҳое, ки нисбати Русия ҷорӣ шудаанд, содироти нафт ва маҳсулоти нафтии Русия ба Аврупо, ИМА, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ қариб 2,2 миллион бушка дар рӯз кам шудааст. Вале афзоиши содироти он ба Ҳинд, Чин, Туркия ва дигар кишварҳо, ҳамчунин афзоиши истифодаи он дар дохии худи Русия талафотро кам кардааст.

Иттиҳоди Аврупо тасмим дорад, аз 5 декабри соли 2022 воридоти нафти Русияро ба таври қобили мулоҳиза кам кунад. Ду моҳ баъд аз он сана, воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Иттиҳоди Аврупо комилан манъ мешавад. Ин боис мегардад, ки наздики 2,3 миллион бушка нафти Русия он замон бояд харидори нав ёбад, хабар медиҳад ОБЭ.

Русия рӯзи 24 феврали соли ҷорӣ ба Украина ҳамла кард. Дар посух ба ин хушунати Русия Иттиҳоди Аврупо то ин замон ҳафт бастаи таҳримҳоро қабул кардааст.

XS
SM
MD
LG