Ссылки доступа

Михаил Саакашвилиро бо нишонаҳои "анорексия" аз зиндон ба бемористон интиқол доданд


Михаил Саакашвили в суде

Президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дар бемористони "Вивамеди"-и шаҳри Тифлис табобат мегирад.

Саакашвилиро таҳти муҳофизати шадид ва махфиёна субҳи рӯзи панҷшанбе аз зиндони шаҳри Руставӣ ба бемористони "Вивамеди" овардаанд. Саакашвилӣ дар зиндон адои муҳлати шашсола мекунад. Ӯро бо айби сӯистифода аз мақоми хизматӣ зиндонӣ кардаанд.

Дар бемористон президенти пешинро дар ошёнаи панҷум ҷо карда, шишаҳои утоқро ҳамро тира сохтаанд, ки вай натавонад, бо дигарон бидуни иҷозат гуфтугӯ кунад.

Пизишкон ахиран гуфтанд, ки Саакашвилӣ ба бемории "анорексия" гирифтор шудааст. Дар натиҷаи ин беморӣ ҷисм наметавонад, ғизоро қабул кунад.

Маълум нест, ки Саакашвилӣ чанд муддат дар бемористон табобат мегирад. Пизишкон мегӯянд, маҳдудиятҳои зиндон ва маҳрум шудан аз фаъолиятҳои сиёсӣ боис гардидааст, ки Саакашвилӣ ба "анорексия" мубтало гардад.

XS
SM
MD
LG