Ссылки доступа

Озарбойҷон гуфт, дар тирпарониҳо бо Арманистон 50 низомияш кушта шуд


Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, дар натиҷаи тирпаронӣ дар марз бо Арманистон 50 низомӣ - 8 марзбон ва 42 сарбози нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар кушта шудааст.

Пештар сарвазири Арманистон Никол Пашинян хабар дода буд, ки дар даргириҳо бо Озарбойҷон дасти кам 49 сарбози кишвараш ҷон бохтааст.

"Мутаассифона, ин рақами ниҳоӣ нест", - гуфт Пашинян.

Тирпаронии навбатӣ дар марзи Озарбойҷону Арманистон шаби 12 ба 13 сентябр рух дод. Ҷонибҳо якдигарро дар сар задани он айбдор мекунанд.

Низои нав миёни Арманистон ва Озарбойҷон тирамоҳи соли 2020 даргирифт. Арманистону Озарбойҷон ду сол қабл бар сари минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ шаш ҳафта бо ҳам ҷангиданд. Даргирии тарафҳо бо миёнравии Русия ва бо созиши оташбас поён ёфт. Бино бар он, арманиҳо қаламравҳоеро, ки 30 соли ахир зери назорати худ доштанд, ба Озарбойҷон доданд. Бар асоси тавофуқ, неруҳои Русия оташбаси миёни Арманистону Озарбойҷонро назорат мекунанд.

XS
SM
MD
LG