Ссылки доступа

Дар иқдомҳои зиддинизомӣ дар Москва ва Петербург садҳо касро боздошт карданд


Дар иқдомҳои зидди басичсозии низомӣ дар шаҳрҳои Москва ва Петербурги Русия садҳо касро боздошт карданд. Миёни иштирокдорони иқдом бештар занҳо буданд. Онҳо шиорҳои "Ҳаёт ба фарзандони мо!" ва "Нест бод ҷанг!" сар доданд.

Шумори дақиқи иштирокдорон хабар дода намешавад, аммо дар наворҳо дида мешавад, садҳо кас дар иқдоми зидди басичсозии низомӣ ширкат карданд.

Дар шаҳри Петербург иқдоми мазкур дар назди калисои ҷомеи Исҳоқ баргузор шуд. Пулис иштирокдоронро дар ҳалқа гирифта, чанд танро боздошт кард.

То соати 8 шоми 21 сентябр дар Москва ва Петербург ҳадди ақал 246 иштирокчӣ боздошт шуд, хабар доданд расонаҳо.

Дар маҷмуъ дар 24 шаҳри Русия зидди басичсозии низомӣ роҳпаймоиву гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Дар ҳамаи ин шаҳрҳо дар маҷмуъ садҳо иштирокчиро боздошт карданд.

Рӯзи чаҳоршанбе президенти Русия Владимир Путин фармон дар бораи басичсозии низомиро имзо кард. Путин гуфт, басичсозӣ барои "ҳифзи кишвар ва тамомияти он" ва инчунин зарурати амалиёти низомӣ бо Украина муҳим аст.

Бино ба фармони имзошуда, шаҳрвандоне басич мешаванд, ки хидмати низомӣ кардаанд. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт, дар маҷмуъ 300 ҳазор низомӣ аз ҳисоби неруҳои захиравӣ басич карда мешаванд.

Аз ибтидои ҳамлаи мусаллаҳонаи артиши Русия ба Украина бисёре аз коршиносони низомӣ гуфтанд, артиши Русия бидуни басичсозӣ ё ҷалби неруҳои бештар ба ҳадафҳои пешгузоштаи Путин намерасад. Пештар дар Кремл борҳо гуфта буданд, ки тасмим надоранд басичсозии сартосарӣ эълон кунанд.

XS
SM
MD
LG