Ссылки доступа

НАТО теъдоди неруҳои зудамалашро ба бештар аз 300 ҳазор кас мерасонад


НАТО теъдоди неруҳои зудамалашро ба бештар аз 300 ҳазор мерасонад, хабар доданд расонаҳо бо такя ба дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг.

"Мо ба бозомӯзии неруҳои зудамали НАТО машғул мешавем ва теъдоди онҳоро ба бештар аз 300 ҳазор мерасонем", - гуфт вай.

Ба гуфтаи Столтенберг, дар саммити Мадрид, ки рӯзҳои 28-30 июн баргузор хоҳад шуд, ҳампаймонони НАТО консепсияи роҳбурдии наверо қабул мекунанд, ки дар он Русия яке аз "хатарҳои умда ва мустақими амниятӣ" эътироф мегардад. Ҳамчунин дар ҳуҷҷати мазкур бори аввал аз хатарҳое ёд мешавад, ки аз Чин меоянд.

Неруҳои зудамали НАТО - аз низомиҳои пиёдагард, ҷузъу томҳои ҳавоиву баҳрӣ, инчунин неруҳои вижа иборат аст, ки эътилофи низомии НАТО дар сурати зарурат ба таври фаврӣ онҳоро истифода мекунад. Айни замон теъдоди чунин неруҳои НАТО, ба навиштаи расонаҳо, то ба 40 ҳазор кас мерасад.

Балтия: сарбозони НАТО дар размоишҳои Латвия ба чӣ омодагӣ мебинанд:

XS
SM
MD
LG