Дар ин бора вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Юрий Илин 23 ноябр дар як нишасти хабарӣ дар вилояти Қарағанда иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, комиссия дар таркиш “АрселорМиттал Темиртау”-ро 100 дарсад гунаҳкор медонад.
Комиссияи давлатӣ ба хулосае омадааст, ки таркиш дар кон ҳангоми пармакунии чоҳҳои газ рух додааст. Дастгоҳҳое, ки бояд миқдори газро дар шахта муайян мекарданд, ба меъёрҳо ҷавобгӯ нестанд.
Шаби 3 октябри имсол низ дар кони ба номи Ленини "АрселорМиттал Темиртау" ҳангоми парма кардани чоҳҳо газ хориҷ ва боиси марги 5 коргар шуд. Чаҳор нафари дигар аз газ заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ гаштанд.
Бино ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, 106 коргари кон ба ҷои дигар интиқол дода шуданд. Кормандони пулис дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои куҳӣ ё сохтмонӣ" тафтишотро оғоз кардаанд.
Мақомоти Қазоқистон дертар эълом карданд, ки фаъолияти ҳафт шахтаи "АрселорМиттал Темиртау" қатъ шудааст.