Ссылки доступа

Садҳо басеҷшудаи рус ба нишони эътироз аз қатора поин шуданд


Ҳудуди панҷсад шаҳрванди Русия, ки барои иштирок дар ҷанги Украина басеҷ шудаанд, бо нашри видеое гуфтанд, дар "як шароити ҳайвонӣ" нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин видео шоми чоршанбе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Дар навор анбуҳи низомиёни мусаллаҳро дида мешавад, ки мегӯянд, аз қатораи Белгород поин шудаанд. Басеҷшудаҳо гуфтанд, намедонанд, ки ба кадом қисми низомӣ тааллуқ доранд ва онҳоро ба куҷо мефиристанд. Ҳамчунин ҳамаи лавозимоти заруриро аз ҳисоби худ харидорӣ кардаанд.

Макон ва замони дақиқи сабти навор маълум нест. Хабарнигори бахши русиягии Радиои Озодӣ Марк Крутов мегӯяд, наворро сокини шаҳри Москва Сергей Сурков, ки қаблан низ дар бораи мушкилоти артиши Русия видеоеро нашр карда буд, дар наздикиҳои Белгород сабт кардааст.

Дар миёни ин басеҷшудаҳо нафаре бо рамзи ширкати низомии хусусии "Вагнер" низ дида мешавад. Ин ширкатро ба Евгений Пригожин, яке аз соҳибкорон ва шахсони наздик ба президенти Русия Владимир Путин рабт медиҳанд.

Низомиёни Русия, ки дар асоси фармони Путин басеҷ мешаванд, пайваста аз шароити бад дар артиши ин кишвар ва норасоии лавозимоти ҷангӣ шикоят мекунанд. Тавре маълум шуд, аксари басеҷшудаҳо дар қисмҳои низомӣ дар рӯи фарш хобанд ва бо ғизои хуб таъмин нестанд.

XS
SM
MD
LG