Ссылки доступа

Истеҳсолкунандаи "Байрактар" ба Украина 1 бесарнишини ройгон дод


Архивное фото

Ширкати туркии истеҳсолкунандаи бесарнишинҳои тирандози "Байрактар" ба Украина як адад бесарнишини ройгон тақдим кард. Дар ин бора ширкати Baykar хабар доданд.

Ширкат баъди он тасмим гирифта, ба Украина як адад бесарнишин тақдим кунад, ки шаҳрвандони Литва барои хариди бесарнишин дар давоми 3 рӯз 5 миллион евро ҷамъ карданд. Шаҳрвандони Литва мехостанд, ин бесарнишинро ба неруҳои низомии Украина тақдим кунанд.

"Мардуми Ливат барои хариди "Байрактар" маблағ ҷамъ овард. Baykar ба маҳзи дарёфти иттилоъ дар ин бора, тасмим гирифт, ба Украина бесарнишини ройгон тақдим кунад ва маблағҳои шаҳрвандони Литва ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Украина ирсол шавад", - изҳор доштааст ширкати туркӣ.

Бесарнишини "Байрактар" метавонад, аз 12 то 14 соат дар фазо парвоз кунад. Ин имкон медиҳад, ки бесарнишин навбатдории доимӣ анҷом диҳад. Ҳамчунин ин навъи бесарнишинҳо метавонанд, 2 мушаки идорашавандаи зиддитонкӣ ва ё чаҳор бомб интиқол диҳанд. Харидории онҳо аз ҷониби Украина соли гузашта шуруъ шуд. Ин бесарнишинҳо барои пас гардонидани ҳамлаи Русия дар Украина истифода мешаванд.

XS
SM
MD
LG