Ссылки доступа

Тошканд дар садри шаҳрҳои дорои олудатарин ҳаво


Тошканд дар як соли охир бори севум аст, ки дар рӯйхати шаҳрҳои дорои олудатарин ҳаво садрнишин мешавад.

Ба иттилои Шохиси сифати ҳаво (IQAir), рӯзи 18 октябр олудагии ҳаво дар Тошканд ба сатҳи 101-150 расид, ки ин ҳаво "барои гуруҳе аз одамон хатарнок аст".

Як рӯз пеш аз он сифати ҳаво дар Тошканд миёни "хатарнок" ва "фавқулода хатарнок" қарор дошт.

Коршиносон мегӯянд, дар баробари омилҳои табиӣ омили инсонӣ низ боиси олудагии ҳавои шаҳри Тошканди Узбекистон гардидааст.

Ба навиштаи расонаҳо, ҳар шашумин инсон дар дунё аз олудагии ҳаво мефавтад. Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, аз 100 ҳазор кас дар Узбекистон 81 нафар аз олудагии ҳаво мефавтад.

XS
SM
MD
LG