Ссылки доступа

Попи Рум бо "зиёрати серӯзаи дунё" ба Қазоқистон меояд


Попи Рум Франсиск хабар дод, ки сафари серӯзааш ба Қазоқистонро барои иштирок дар ҷаласаи роҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ рӯзи 13 сентябр шуруъ мекунад.

Дар муроҷиаташ ба диндорон дар майдони Петри Муқаддас Франсиск аз онҳо дархости дуъо кард.

"Ин имконияте мешавад барои дидор бо намояндагони динҳои дигар ва гуфтугӯ бо онҳо, ки бародарон бояд барои даст ёфтан ба сулҳ анҷом диҳанд, сулҳе, ки ҳамаи мо ташнаи он ҳастем", - гуфт Франсиск. Вай аз мардуме, ки дар майдони Петри Муқаддас ҷамъ шуда буданд, дархост кард, ки барои сафари вай дуъо кунанд.

Аз вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар доданд, ки соли ҷорӣ дар кунгура наздики 100 иштирокчӣ аз 50 давлати дунё ширкат мекунанд. Дар ин мулоқот имоми Алазҳар Аҳмад Ал-Тайиб ва намояндагони динҳову мазҳабҳои дигар иштирок хоҳанд кард.

Дар сафараш ба Қазоқистон Попи Рим Франсиск тасмим дорад, бо патриархи калисои православии Русия Кирилл мулоқот кунад. Кирилл талош дорад, ки ҳамлаи Русияро ба Украина тамҷид кунад. Ин дар ҳолест, ки калисои православии Русия аз иштирок дар мулоқоти Қазоқистон худдорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG