Ссылки доступа

Порлумони Қазоқистон маҳдудияти давраи президентиро тасдиқ кард


Заседание парламента Казахстана (архивное фото)
Заседание парламента Казахстана (архивное фото)

Порлумони Қазоқистон тағйирот ба Конститутсияи он кишварро қабул кард. Вакилон тарҳи қонун дар бораи ба як давраи 7-сола маҳдуд кардани муҳлати президентӣ ва тағйири номи Нурсултон ба Остонаро тасдиқ карданд.

Тағйирот барои имзо ба президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ирсол шудааст.

Тобистони соли ҷорӣ дар Қазоқистон барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсия раъйпурсӣ анҷом шуда буд. Дар раъйпурсии тобистон хешовандони президентро аз ҳаққи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда ва худи президентро аз узвият дар ҳизбҳои сиёсӣ маҳрум карда буданд.

Ибтидои моҳи сентябр Қосимҷомарт Тоқаев пешниҳоди ворид кардани тағйироти нав ба Констутитсияи он кишварро кард. Вай пешниҳод кард, ки муҳлати президентӣ ба як давраи 7-сола маҳдуд карда шавад. Тирамоҳи соли ҷорӣ дар Қазоқистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд. Тоқаев тасмим дорад, номзадиашро пешбарӣ кунад.

Гуруҳе аз вакилони порлумони Қазоқистон пешниҳод карданд, ки пойтахти он кишвар ба номи пешинаш - Остона баргардонида шавад.

Пойтахти Қазоқистон дар соли 2019 Нурсултон - ба ифтихори президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев - номгузорӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG