Ссылки доступа

Пашинян: Русия уҳдадориҳояшро дар Қарабоғи Куҳӣ иҷро намекунад


Раиси ҳукумати Арманистон Никол Пашинян низомиёни русеро, ки дар Қарабоғи Куҳӣ қарор доранд, интиқод кард.

Вай онҳоро баъди он ки фаъолони озарбойҷонӣ ягона роҳи пайвасткунандаи Арманистон бо ҷумҳурии худмухтори Қарабоғи Куҳиро бастанд, ба беамалӣ айбдор кард.

Пашинян рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи ҳукумати Арманистон гуфт, ҳодиса боиси ба миён омадани буҳрони башардӯстона дар Қарабоғи Куҳӣ шудааст.

Сарвазири Арманистон амалҳои Озарбойҷонро дар долони "Лочин" ғайриқонунӣ номида, ҳамчунин Русияро интиқод кард, ки уҳдадориҳои худро иҷро намекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар изҳороти сеҷониба аз 9 ноябри соли 2020 пешбинӣ шуда буд, ки долони "Лочин" бояд таҳти назорати нерӯҳои посдори сулҳи Русия бошад. "Ин банд имрӯз амалан тадбиқ намешавад. Воқеан маълум мешавад, ки посдорони сулҳи Русия уҳдадориеро, ки тибқи изҳороти сеҷониба дар мавриди зери назорат нигоҳ доштани долони Лочин ба дӯш гирифта буданд, иҷро намекунад", - изҳор дошт Пашинян.

Долони ба истилоҳ "Лачин" аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ бастааст. Гуруҳе аз фаъолони Озарбойҷон дар эътироз ба "истихроҷи ғайриқонунии сарватҳои табиии минтақа" аз сӯи Арманистон роҳро бастаанд. Низомиёни рус вазъро назорат мекунанд, вале дахолат наменамоянд.

XS
SM
MD
LG