Ссылки доступа

Пентагон: артиши Русия дар ҷанги Украина на камтар аз 1000 танк ва 36 ҳавопаймо аз даст додааст


Уничтоженный российский танк в Донецкой области, Украина

Артиши Русия дар Украина "тадриҷан ба пешравӣ" ноил мешавад, ҳарчанд талафоти зиёде дидааст. Дар ин бора рӯзи 26 май як мақомдори баландпояи вазорати мудофиаи ИМА бе зикри номаш хабар дод. Вай илова кард, ки вазъ дар хатти ҷангро наметавон "бунбаст" номид.

Ба гуфтаи ин мақомдор, ҳарчанд артиши Украина ба таври муваффақона "муқобилат мекунад", Русия ҳамлаи сангинро ба мавқеи артиши Украина идома медиҳад.

Мансабдори вазорати мудофиаи ИМА илова кард, ки артиши Украина "дар атрофи Харков ба пешравӣ ноил мешавад" ва дар натиҷаи ҳамлаи ҷавобӣ чанд минтақаеро соҳиб шудааст, ки 90 рӯзи охир дар ихтиёри Русия буд.

Вазорати мудофиаи ИМА мегӯяд, бино ба иттилои дарёфтиаш, артиши Русия дар ҷанг дар Украина на камтар аз 1000 танк, 36 ҳавопаймо ва бештар аз 50 чархболро аз даст додааст, аммо ҳамоно артиши Русия нисбати артиши Украина аз ҳисоби техника ва неруи низомӣ бартарӣ дорад.

Мансабдори Пентагон аз қарори охири вазорати мудофиаи Русия ёдовар шудааст, ки ба мардони болотар аз 50-сола иҷозаи шомил шудан ба артишро доданд. Пештар аз ин танҳо ба мардони то 40-сола иҷозаи шомил шудан ба артиш дода шуда буд.

"Мо назорат дорем, ки чи гуна Москва талош дорад, бо роҳҳои мухталиф неруи зиндаи худро дар хатти ҷанг афзоиш диҳад", - гуфт мансабдори амрикоӣ.

XS
SM
MD
LG