Ссылки доступа

Пентагон аз кӯмак ба озмоишгоҳҳои низомии Украина хабар дод


Минобороны США

Украина барномаи силоҳи биологиву кимиёӣ надорад. Дар ин бора вазорати мудофиаи ИМА хабар дод.

Дар хабари вазорати мудофиаи ИМА омадааст, ки дар 20 сол Вашингтон ба 46 озмоишгоҳ ва муассисаи тиббӣ кӯмак кардааст. Ҳамаи ин озмоишгоҳҳо ба ташхисҳо дар бахши тиббӣ ва кишоварзӣ машғул буданд.

Пентагон менависад, фаъолияти озмоишгоҳҳо дар мувофиқа бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Созмони ҷаҳонии ҳифзи ҳаёти ҷонварон ба роҳ монда шуда буд.

Русия пештар гуфта буд, дар ҳудуди Украина бо кӯмаки вазорати мудофиаи ИМА озмоишгоҳҳое фаъолият доранд, ки силоҳи биологӣ истеҳсол мекунанд. Ҳам Вашингтон ва ҳам Киев ин айбҳоро рад карда буданд. ИМА аз эҳтимол дур намедонад, ки Москва ин овозаҳоро барои ҳамлаи кимиёиву биологии худ паҳн месозад.

СММ Москваро барои баёнияҳояш дар бораи силоҳи биологии Украина танқид кард. СММ мегӯяд, ҳеч иттилое надорад, ки Украина силоҳи биологӣ месозад.

XS
SM
MD
LG