Ссылки доступа

Politico: ИМА дар ивази содироти ғалла аз Украина таҳримҳои зидди Русияро бекор намекунад


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

ИМА тасмим надорад, ки таҳримҳои зидди Русияро дар ивази озодсозии бандарҳои украинӣ дар соҳили Баҳри сиёҳ ва ба роҳ мондани содироти ғаллаи Украина бекор созад. Дар ин бора нашрияи Politico бо такя ба як мансабдори амрикоӣ хабар дод.

Изҳороти Русияро дар ин маврид ҳамсуҳбати нашрия "қаллобии дипломатӣ" номид.

Кормандони дастгоҳи президенти ИМА ва қонунгузорони амрикоӣ ба изҳороти Русия дар бораи омода будан ба кӯмак дар амри пешгирӣ аз буҳрони ғизоӣ бо шубҳа менигаранд. Сенатор аз аёлати Айдаҳои ИМА Ҷеймс Риш талаби Москваро дар бораи бекор кардани таҳримҳо дар ивази ҳалли масъалаи содироти ғалла "шантаж" номид.

Вашингтон ҷараёни гуфтугӯи ба роҳ мондани содироти ғалла тавассути Баҳри сиёҳро пайгирӣ дорад. Дар ин гуфтугӯҳо Русия, СММ ва Туркия ширкат доранд. Ба иттилои манбаъ, ИМА омода нест, ки фишорҳои иқтисодӣ нисбати Кремлро сабуктар созад.

Ҳамсуҳбати Politico аз СММ низ гуфтааст, пайванд додани содироти ғалла бо бекорсозии таҳримҳо раванди "бе ин ҳам нозук"-и гуфтугӯҳо бо Москваро сахттар мекунад.

Дар Кремл мегӯянд, мушкилоти ҳамлу нақли ғизо, ки бино ба баҳогузории СММ, ба миллионҳо одам таҳдиди гуруснагӣ ба бор овардааст, "натиҷаи сиёсатҳои ғалати иқтисодиву молии Ғарб, инчунин таҳримҳои онҳо нисбати Русия аст".

Дар СММ гуфтанд, ба муҳосира гирифтани бандарҳои Украина аз сӯи неруҳои Русия боис шудааст, ки ғалла интиқол дода нашавад.

Пештар аз ин президенти Русия Владимир Путин дар суҳбат бо сарвазири Италия Марио Драгӣ гуфта буд, дар сурате, ки агар Ғарб таҳримҳои зидди Москваро бекор кунад, Русия омода аст, дар пешгирӣ аз буҳрони ҷаҳонии ғизоӣ саҳм гузорад. Ғарб ба далели ҳамла ба Украина нисбати Русия таҳрим ҷорӣ кардааст.

Русияву Украина дар панҷгонаи бузургтарин кишварҳои истеҳсолкунандаи ғалла шомил мешаванд. Баъди ҳамлаи Русия ба Украина арзиши ғалла якбора боло рафт.

XS
SM
MD
LG