Ссылки доступа

Пулиси Олмон 30 расмро аз дохили киштии сарватманд Алишер Усмонов мусодира кард


Пулиси Олмон аз дохили киштии Dilbar, ки ба сарватманди узбектабори Русия Алишер Усмонов марбут аст, 30 расмро мусодира кардааст.

Арзиши умумии расмҳо ҳадди ақал 5 млн евроро ташкил медиҳад.

Ин тасмим дар пайи иҷрои қонун дар бораи таҳримҳо гирифта шудааст: Усмонов вазифадор буд, ки дар бораи ҳамаи дороиҳои худ мақомоти Олмонро огоҳ созад, аммо вай ин корро накардааст.

Киштии мазкур тирамоҳи соли 2021 барои таъмири куллӣ ба шаҳри Ҳамбурги Олмон ирсол шуд. Моҳи апрели соли 2022 пулиси Олмон киштиро ба ҳабс гирифт.

Расонаҳои Олмон менависанд, Усмонов ҳамзамон дар саркашӣ аз пардохти андозҳо гумонбар аст. Бино ба маълумоти Der Spiegel , аз соли 2014 то соли 2022 Усмонов аз пардохти андозҳо саркашӣ кардааст. ​

Усмонови 69-сола яке аз сарватмандтарин шаҳрвандони Русия аст. Бино ба баҳогузории маҷаллаи Forbes дар соли 2022, дороии Усмонов ба 14,6 млрд евро баробар аст. Моҳи феврали соли ҷорӣ, баъди шуруъи ҳамлаи густардаи Русия ба Украина, Усмонов, ҳамчун яке аз шахсони наздик ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, шомили таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо гардид.

XS
SM
MD
LG