Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ: ҷалби гумонбарон аз боздоштгоҳҳои Русия ба ҷанги Украина оғоз шудааст


Ҳомии ҳуқуқи инсон Олга Романова мегӯяд, ҷалби гумонбарон ва айбдоршавандаҳо аз боздоштгоҳҳои тафтишотии Русия ба ҷанг алайҳи Украина шуруъ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти қудратии Русия ба гумонбарон бар ивази ҷанг дар Украина қатъи парвандаҳояшонро ваъда медиҳанд. Романова гуфт, чанд парвандаи мушаххасеро дар ин замина медонад.

Бунёдгузори лоиҳаи Gulagu.net Владимир Осечкин низ ҷалби гумонбарон аз боздоштгоҳҳои Русияро ба ҷанги Украина тасдиқ кард.

Расонаҳо аввали моҳи июли имсол хабар дода буданд, ки маҳбусонро аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина ҷалб мекунанд. Аз ҷумла, бо ин кор ширкати низомии хусусии "ЧВК Вагнер" машғул аст.

XS
SM
MD
LG