Ссылки доступа

Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер вориди Киев шуд


Президент Германии Франк-Вальтер Штайнмайер

Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер субҳи имрӯз вориди шаҳри Киеви Украина шуд. Ин сафари президенти Олмон аз қабл эълом нагардида буд. Штайнмайер бо президенти Украина Владимир Зеленский мулоқот хоҳад кард.

Ин нахустин сафари Штайнмайер ба Киев аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина аст. Сафари президенти Олмон ду маротиба ба таъхир афтода буд. Ибтидо вай ният дошт, 12 апрел ба Киев сафар кунад. Аммо бо ташаббуси Украина ба таъхир андохта шуд. Штайнмайер то оғози ҳамла ба Украина бо Русия робитаи зич дошт.

Баъди оғози ҳамла дар таърихи 24 феврали соли ҷорӣ президенти Олмон гуфт, ки дар баҳогузории сиёсии худ иштибоҳ кардааст. Вай ба вижа гуфт, ки пуштибонияш аз сохтмони лӯлаи гази "Ҷараёни шимол - 2" иштибоҳ будааст.

Сафари дувум 20 октябр дар назар дошта шуда буд, аммо ба далели чораҳои амниятӣ ба таъхир гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG