Ссылки доступа

Президенти Шри-Ланка бидуни истеъфо аз кишвар фирор кард


Президенти Шриланк Готабая Раҷапакса, ки истеъфояшро эътирозгарон талаб доштанд, субҳи рӯзи чаҳоршанбе аз кишвараш фирор кард. Хабар дода мешавад, ки вай бо ҳавопаймои неруҳои низомӣ ба Малдив рафтааст.

Дар пайи эътирозҳои густурда, бинобар буҳрони иқтисодӣ, таваррум, набудани барқ ва сӯзишворӣ, варшикастагии Бонки марказӣ ва ҳамлаи даҳҳо ҳазор тан аз эътирозгарон ба истиқоматгоҳи раиси ҷумҳурӣ дар пойтахти он кишвар, Гутабая Раҷапакса аз рӯзи шанбе ба ин тараф пинҳон шуда буд.

Гутабая Раҷапакса ҳафтаи гузашта ваъда дода буд, ки рӯзи чаҳоршанбе истеъфо хоҳад дод ва роҳро барои "интиқоли сулҳомез"-и қудрат боз мекунад.

Раҷапакса ба унвони раиси ҷумҳур аз масунияти сиёсӣ бархӯрдор аст ва гумон меравад, ӯ қабл аз канорагирӣ мехост, аз кишвар хориҷ шавад, то аз боздошти эҳтимолии худ пас аз истеъфо пешгирӣ кунад.

Ба гуфтаи манбаъҳо дар Идораи муҳоҷират ва гумруки Шриланка, Гутабая Раҷапакса ҳамроҳи ҳамсару ду муҳофизаш дар байни чаҳор мусофири ҳавопаймои низомии Антонов-32 буданд, ки аз Фурудгоҳи байналмилалӣ ба тарафи Малдив бархост.

Яке аз мақомоти муҳоҷирати Шриланка дар ин бора гуфтааст, "гузарномаҳои онҳо муҳр зада шуда буд ва онҳо савори парвози вижаи нерӯҳои ҳавоӣ шуданд".

Тибқи гузоришҳо, хуруҷи раиси ҷумҳури 73-солаи Шриланка бинобар мухолифати афроди Идораи муҳоҷират ва гумрук дар фурудгоҳ чандин соат ба таъхир афтод.

Гутабая Раҷапакса мехост, бо як парвози тиҷорӣ ба Дубай равад, аммо кормандони фурудгоҳ аз ироаи хадамоти VIP худдорӣ карданд ва исрор доштанд, ки ҳамаи мусофирон бояд аз дарвозҳои умумӣ ба самти парвозҳои худ ҳаракат кунанд.

Як мақоми амниятӣ гуфтааст, раиси ҷумҳур ва ҳамроҳонаш бинобар тарс ва вокунишҳои мардум намехостанд аз дарвозаҳои умумӣ убур кунанд ва савори ҳавопаймо шаванд ва ба ҳамин сабаб, чаҳор парвози рӯзи душанбе ба Имороти Муттаҳидаи Арабиро аз даст доданд.

Бародари раиси ҷумҳури Шриланка, ки вазири молия буд ва дар моҳи апрел аз мақомаш истеъфо дода буд, ҳам аз кишвар берун шудааст.

Раиси ҷумҳури Шриланка Гутабая Раҷапакса ба "суистифода аз мақом ва фасод" муттаҳам аст. Бародари калонаш ҳам, ки то ду моҳ пеш нахуствазир буд, пас аз оғози эътирозҳо истеъфо дод.

Эътирозҳо дар Шриланка аз оғози баҳори имсол оғоз шуд. Ин эътирозҳо дар ҳоле рӯзҳои ахир густариш ёфт, ки натиҷаи варшикастагии комили иқтисодӣ ва молӣ дар ин кишвар ошкор шуд. Дар пайи варшикастии Шриланка, ҳукумати ин кишвар аввали баҳори имсол эълон кард, ки тавони пардохти қарзҳои хориҷиро аз даст додааст.

Шриланк то панҷ соли дигар бояд ҳудуди 30 миллиард доллар қарзи хориҷиро бозпардохт мекард.

XS
SM
MD
LG