Ссылки доступа

Дар Муғулистон эътирозгарон истеъфои ҳукуматро талаб доранд


Эътирозгарон дар шаҳри Улан-Батор, пойтахти Муғулистон 5 декабр талош карданд, ки ба бинои ҳукумат ворид шаванд. Онҳо таҳқиқи фасодкориҳо ва истеъфои ҳукуматро талаб доранд.

Дар ин бора нашрияи ҳизби ҳокими Муғулистон - "Монголын унэн" хабар додааст.

Эътирозҳо дар Улан-Батор 4 декабр, баъди расонаӣ шудани дуздии ангишт ба маблағи 12,9 миллиард доллар оғоз шуданд. Тазоҳургарон бо талаби таҳқиқи дуздии манбаъҳои табииву пулҳои буҷа, ифшо кардани номи қаллобон ва истеъфои ҳукумат дар хиёбони марказии шаҳр ҷамъ шуданд.

Бархе аз таҷаммуъгарон дар даст парчами миллӣ ва лавҳаҳоеро бо шиори "Дуздии мардумро бас кунед!" дар даст доштанд.

Дар севумин шаҳри бузургтарини Муғулистон - Дархан низ ошкор кардани номи қаллобон ва мусодираи амволи онҳоро талаб карданд. Тазоҳургарон бо шиори "Зидди дуздон муттаҳид мешавем!" ба кӯчаҳо баромаданд.

Расонаи "bne IntelliNews" хабар додааст, ки вазъи ҷорӣ дар ҳукумати Муғулистон се бор баррасӣ ва нисбат ба ширкати давлатии истихроҷкунандаи ангишти "Эрдэнэс Тавантолгой" низоми махсус ҷорӣ карда шудааст.

Вазири рушди иқтисодии Муғулистон Хурэлбаатар Чимид гуфт, дар дуздии ангишт панҷ мудири пешини ширкати истихроҷкунандаи он гумонбаранд. Мақомот барои гуфтугӯ бо эътирозгарон гуруҳи корӣ ташкил кардаанд.

XS
SM
MD
LG