Ссылки доступа

Путин барои ҳарфҳои Лавров дар бораи ҳолокост аз сарвазири Исроил узрхоҳӣ кард


Президент России Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия дар суҳбати телефонӣ бо сарвазири Исроил Нафталӣ Беннет барои ҳарфҳои вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров оиди яҳудиҳо ва яҳудибадбинӣ узрхоҳӣ кард. Дар ин бора аз датсгоҳи сарвазири Исроил хабар доданд.

"Сарвазир узрхоҳии Путинро барои ҳарфҳои Лавров пазируфт ва аз Путин барои шарҳ дар бораи муносибаташ нисбати мардуми яҳуд ва хотираи Ҳолокост изҳори сипос кард", - омадааст дар хабари дастгоҳи сарвазири Исроил.

Сомонаи расмии Кремл дар ин бора хабаре надодааст. Кремл танҳо аз гуфтугӯи Путин бо Беннет хабар дод.

Рӯзи 1 май вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров президенти Украина Владимир Зеленскийро бо пешвои миллатгарои Олмон Адолф Гитлер муқоиса кард. Лавров гуфт, Гитлер ҳам "хуни яҳудӣ" дошт ва 6 миллион яҳудиро кушт. "Мардуми бохиради яҳудӣ мегӯяд, бадтарин яҳудибадбинон, тибқи маъмул, яҳудӣ ҳастанд", - гуфт Лавров. Ин ҳарфҳои вай боиси хашми роҳбарияти Исроил шуд. Мақомоти Исроил Лавровро дар дурӯғгӯӣ ва нажодпарастӣ айбдор ва сафири Русияро дар Исроил барои шарҳ даъват карданд.

Рӯзи 3 май вазорати корҳои хориҷии Русия мақолаеро таҳти унвони "Дар бораи яҳудиситезӣ" нашр ва Исроилро дар ҳимоят аз "низоми неомиллатпарастии Киев" айбдор кард.

XS
SM
MD
LG