Ссылки доступа

Президенти Русия қонуни наверо дар бораи "агентҳои хориҷӣ" имзо кард


Архивное фото

Владимир Путин, президенти Русия қонуни наверо имзо кард, ки вазъи "агентҳои хориҷӣ"-ро дар Русия ба танзим медарорад.

Акнун барои шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" шудан дарёфти маблағ аз хориҷиҳо ҳатмӣ нест - "таҳти таъсири хориҷӣ қарор гирифтан" кофист. Тартиботи нав аз 1 декабри соли ҷорӣ ба иҷро медарояд.

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқие, ки "агенти хориҷӣ" унвон гирифтаанд, ҳаққи дарс додан дар мактабҳои миёнаву олии давлатиро надоранд ва ҳамчунин барои амалисозии фаъолияти эҷодӣ аз ҷониби давлати Русия сармоягузорӣ нахоҳанд шуд. Ба онҳо ҳамчунин иҷоза намедиҳанд, ки дар Комисияҳои назоратии умумӣ шомил шаванд ва узви комисияи интихоботӣ гарданд. Ба чунин афрод ҳамчунин иҷозаи баргузории чорабиниҳои оммавиро намедиҳанд.

Қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" дар Русия бори аввал соли 2012 қабул шуд. Ин қонун ба мақомоти Русия имкон медиҳад, ки ҳама гуна созмонҳо ва афродеро "агенти хориҷӣ" унвон кунанд, ки аз хориҷи Русия маблағ дарёфт мекунанд ва фаъолияти сиёсӣ мебаранд.

XS
SM
MD
LG