Ссылки доступа

Путин таҳдиди зарба ба иншоотеро кард, ки то кунун худдорӣ мекарданд


 Система HIMARS
Система HIMARS

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, дар сурате, ки агар ба Украина мушакҳои дурпарвоз дода шавад, Русия ба иншооте зарба мезанад, ки то кунун аз ҳамла ба онҳо худдорӣ мекард.

Як пора аз ин суҳбати президенти Русия дар телевизиони "Россия 1" нашр шуд. Ин нахустин мусоҳибаи Путин баъд аз 24 феврал - баъди содир кардани фармони ҳамла ба Украина аст.

Путин тасмими ИМА оид ба ирсоли низоми партоби мушакӣ ба Украинаро шарҳ дод. Ба гуфтаи вай, чунин ирсолҳо "нав нестанд", зеро артиши Украина аслиҳаи ба ин монандеро дорад, ки дар даврони шӯравӣ истеҳсол шудаанд. Аммо агар ба ин низомҳо мушакҳои дурпарвоз насб шавад, Русия "хулосабарорӣ хоҳад кард". Путин нагуфт, ки дар ин сурат ба кадом иншооти Украина зарба хоҳад зад.

Президенти Русия ҳамчунин гуфт, ки Ғарб ҳадаф дорад бо ирсоли аслиҳа ба Украина низоъи мусаллаҳонаро тамдид кунад.

ИМА ҳафтаи гузашта тасмим гирифт, ки ба Украина низоми мушакии навъи HIMARS ирсол кунад. Дар ИМА шарт гузоштанд, ки низоми мушакии мазкур барои ҳамла ба ҳудуди Русия истифода нашавад. Фосилаи партоби низоми мушакии HIMARS 80 км-ро ташкил медиҳад, аммо дар сурати насби мушакҳои дурпарвоз ин низом метавонад, мушакҳоро ба фосилаи 300-500 км партоб кунад.

XS
SM
MD
LG