Ссылки доступа

Путин ҳамла ба "Азовстал"-и Мариуполро манъ кард


Мариупол. Корхонаи "Азовстал"

Президенти Русия Владимир Путин ҳамла ба минтақаи саноатии корхонаи "Азовстал"-ро дар Мариуполи Украина номуносиб номида, онро манъ кардааст.

Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС иттилоъ додааст. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу рӯзи панҷшанбе ба Путин дар бораи "озод" шудани Мариупол хабар дод ва гуфт, низомиёни украинӣ ба минтақаи саноатии корхонаи мазкур паноҳ бурдаанд.

Ба гуфтаи Шойгу, барои тасарруфи пурраи корхона 3 ё 4 рӯзи дигар лозим аст.

Ишғоли Мариупол имкон медиҳад, ки минтақаҳои зери назорати ҷудоихоҳони рӯ ба Маскав бо роҳи заминӣ бо нимҷазираи Қрим бипайванданд.

Русия дар соли 2014 Қрими Украинаро ишғол намудааст.

Кишварҳои ғарбӣ ваъда додаанд, ки барои муқовимат алайҳи нерӯҳои таҷовузгар ба Украина силоҳи вазнин фиристода, ба зидди Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG