Ссылки доступа

Путин: Русия ҷанг дар Украинаро ҳанӯз ҷиддӣ оғоз накардааст


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе гуфт, кишвараш дар ҷараёни "амалиёти махсус" дар Украина то ҳол даст ба иқдоми ҷиддие назадааст.

"Мо имрӯз мешунавем, ки онҳо мехоҳанд моро дар майдони набард мағлуб кунанд. Чӣ мегӯӣ, бигзор кӯшиш кунанд. Борҳо шунидаем, ки Ғарб мехоҳад бо мо то охирин украинӣ биҷангад. Ин фоҷиа барои мардуми Украина аст, аммо чунин ба назар мерасад, ки ҳама чиз ба ҳамин самт меравад ", - гуфт Путин дар мулоқот бо раҳбарони ҷиноҳҳои Думаи давлатии Русия.

Путин афзудааст, "ҳама бояд фаҳманд, ки Русия ҳанӯз амалеро ҷиддӣ оғоз накардааст". Ба гуфтаи ӯ, Москва аз музокироти сулҳ даст намекашад. "Аммо онҳое, ки рад мекунанд, бояд донанд, ҳар қадаре гуфтушунид бо мо дур шавад, барои онҳо ҳамон қадар мушкилтар мешавад", - гуфтааст вай.

Путин ҳамчунин гуфтааст, ки ташаббускорони таҳримҳо алайҳи Русия ба ҳадафҳои худ нарасидаанд.

XS
SM
MD
LG