Ссылки доступа

Эълони вазъи ҷангӣ дар чор минтақаи ғасбкардаи Русия


Президент России Владимир Путин
Президент России Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин дар чор минтақаи Украина, ки қисман зери назорати артиши кишвараш мебошад, ҳолати ҷангӣ эълон кард.

Путин рӯзи 19-уми октябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия гуфт, дар минтақаҳои Донетск, Луҳанск, Херсон ва Запорожйе ҳолати ҷангӣ ҷорӣ мекунад. Русия онҳоро моҳи сентябр ғасб кард.

"Ман қарореро имзо кардам, ки дар чор минтақаи Федератсияи Русия ҳолати ҷангӣ ҷорӣ мекунад. Он ҳамин ҳоло барои тасдиқи Шӯрои Федератсия фиристода мешавад," -- афзуд ӯ.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки раҳбари аз ҷониби Украина таъиншуда дар Херсон гуфт, аз ин минтақа берун бурдани даҳҳо ҳазор нафар шуруъ шудааст. Интиқоли ғайриихтиёрии сокинон ба минтақаи кишвари ишғолгар ҷинояти ҷангӣ ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG